Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват мекунад, ки журналистон – хабарнигори осиёмиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов ва хабарнигори мустақили ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов озод карда шаванд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба ин ду рӯзноманигор имрӯз, 14-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанд содир мешавад.

Дар изҳороти интишоршудаи кумита аз ҷумла гуфта мешавад: «Чун додгоҳ дар Тоҷикистон нисбат ба парвандаҳои ҷиноии бо сиёсат олуда, ки нисбат ба рӯзноманигорон Ӯрунбой Усмонов ва Маҳмадюсуф Исмоилов  ҳукм содир карданист, Кумитаи дифоъ аз журналистон хостори тантанаи адолати судӣ аст».

«Мо аз ҳукуматдорон даъват мекунем, ки иттиҳомоти сохта нисбати ин журналистон бекор карда шуда, онҳо фавран ва бидуни чуну чаро озод карда шаванд», - зикр кард ҳамоҳангсози барномаи Кумитаи дифоъ аз журналистон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Нина Огнианова.

«Ҳар ду рӯзноманигор ҳам барои инъикоси мустақили мушкилот ва масоили муҳими рӯз ҷазо дода мешаванд», - омадааст дар изҳорот.

«Усмонов ба тундгароӣ ва Исмоилов ба тӯҳмату таҳқир ва тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешаванд. Натоиҷи таҳқиқоти Кумитаи дифоъ аз журналистон гувоҳи он аст, ки тамоми айбҳо сохтаанд. Ба Усмонов 5 ва ба Исмоилов 16 соли зиндон таҳдид мекунад», - зикр мегардад дар изҳороти CPJ.

Кумитаи дифоъ аз журналистон (Committee to Protect Journalists) созмони байнулмилалии ғайриҳукуматӣ буда, қароргоҳаш дар шаҳри Ню-Йорк воқеъ аст. Фаъолияти созмон ба дифоъ аз ҳуқуқи журналистон нигаронида шудааст.