Дар заминаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаи санҷишии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистону Русия оид ба тайёр кардани муҳоҷирони меҳнатӣ оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар курсҳои панҷмоҳаи азхудкунии касбҳои кафшергари газиву барқӣ, устои барқ ва ҳаррот ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин касбҳо дар бозори меҳнати Русия талабгори зиёд доранд. Ғайр аз ин, ба иштирокчиёни ин курсҳо аз рӯйи барномаи махсус забони русӣ низ омӯзонида мешавад. Ба иштирокчиёни курсҳо дар бораи қонунгузории Русия оид ба муҳоҷират, асосҳои фарҳанг, расму оини халқ рус ва тарзи рафтор дар Русия низ маълумоти кофӣ пешкш хоҳад гардид.

Бо анҷоми таълим дар моҳи феврали соли оянда иштирокчиёни курсҳо оид ба касби интихобкарда ва забони русӣ имтиҳон месупоранд.

Барои тамоми давраи таҳсил муҳоҷирони меҳнатии имконпазир 85 доллари ИМА маблағ месупоранд.