Мурофиаи додгоҳии журналисти ҳафтавори «Нури зиндагӣ» Маҳмадюсуф Исмоилов ба анҷом расид .
Имрӯз дар бинои боздоштгоҳи рақами 2-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи додгоҳии хотимавӣ доир гардида, мутобиқи ҳалномаи додгоҳ рӯзноманигор Исмоилов бо моддаи 250-и КҶ ҶТ (Тамаъҷӯйӣ) бегуноҳ шуморида шуда, аз толори додгоҳ озод карда шуд. Ба ӯ лозим меояд, танҳо ба фоидаи давлат ҷарима супорад. Додгоҳ ба Исмоилов ҷарима дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ таъин кард, вале бо назардошти муддати 11 моҳ дар маҳбас қарор доштани ӯ, ҳаҷми ҷарима то 35 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 7,3 ҳазор $) поин бурда шуд.
Ёдрас мекунем, ки айбдоркунандаи давлатӣ – додситони шаҳри Табошар Амир Ғафуров аз додгоҳ дархост кард, ки ба Исмоилов ҷазои 16-соли маҳрумият аз озодӣ дода шавад ва бо истфода аз қонуни афв мӯҳлати ҷазои ӯ ба муддати 2 сол кам гардад.
Аммо ҷониби ҳимояи журналист ба чунин ҳукм қатъан изҳори норозигӣ кард. Адвокатҳои журналист Муҳаббат Ҷӯраева ва Садриддин Саидов ҳангоми музокирот мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои журналистро таъкид сохта, мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ ва байнулмилалӣ ӯро бегуноҳ шуморидан ва аз толори додгоҳ озод карданашро талаб намуданд.
Маҳмадюсуф Исмоилов тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад.
Сардабири нашрияи «Нури зинадагӣ» Ҷумъаи Мирзо мегӯяд, сабаби ба ҳабс гирифтани рӯзноманигор фаъолияти касбиаш аст. Ба гуфтаи ӯ, матолиби дар ҳафтаномаҳои «Нури зиндагӣ» ва «Истиқлол» чопшудаи Исмоилов вокунишҳои доманадореро ба бор овардаанд.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста