Дар шаҳри Маскав масоили бимаи тиббии муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳандозии низоми ёрии таъҷилии тиббӣ ба онҳо баррасӣ шуданд.

Масълаи мазкур дар меҳвари масоили баррасишуда дар мулоқоти роҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Асрор Одинаев ва роҳбари Намояндагии минтақавии Федератсияи ҷамъиятҳои байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия Даврон Муҳаммадиев қарор дошт.

Аз хадамоти матбуоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, ки намояндаи Русия ба дастгирии муҳоҷирони тоҷики шомил ба гурӯҳи осебпазир дар масоили расонидани кӯмаки иҷтимоиву тиббӣ аз ҷониби шӯъбаҳои минтақавии ҷамъияти Салиби Сурхи Русия омодагӣ изҳор кардааст.

Ба иттилои манбаъ, Федератсияи ҷамъиятҳои байнулмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Русия намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро ҳамчунин бо дастурҳои иттилоотиву методикӣ бо забони тоҷикӣ таъмин хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаи ҳамкории мутақобилаи созмонҳои ҷамъиятии диаспораҳои тоҷикон дар Русия ҷиҳати омӯзиши муҳоҷирони корӣ табодули афкор намуданд.