Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳа дар доираи «Барномаи русиягии мусоидат ба маориф бо мақсади рушд (READ)» оғоз гардид, ки ба дастгирии Маркази миллии санҷиш нигаронида шудааст.

Ҳадафи аслии лоиҳаи бар асоси пешниҳоди Вазорати маориф таҳияшуда ва аз ҷониби ҳукумат қабулгардида таҳкими имконоти Маркази миллии санҷиш барои ҷорисозии устувори низоми ягонаи қабули имтиҳоноти қабул ба макотиби олӣ дар асоси усулҳои дастрасии баробар, шаффофият ва воқеъӣ будани низоми баҳодиҳӣ ба дониши толибилмон мебошад.

Дар маросими муаррифии лоиҳа вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов зикр кард, ки амалисозии лоиҳаи мазкур ба беҳбуди дастрасӣ ба маълумоти олӣ имкони мусоид фароҳам месозад.

«Амалисозии лоиҳаи READ ва дастгирии Маркази миллии санҷиш барои ташкили низоми миллии баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон асос гузошта, ҳаамчунин ба ҷараёни нашри китобҳои дарсӣ ва омодасозии омӯзгорон низ таъсири мусбат мегузорад. Минбаъд иштироки Тоҷикистон дар барномаҳои байнулмилалии баҳодиҳӣ ба дониши толибилмон дар назар аст», - гуфт вазир.

Маблағи умумии сармоягузорӣ аз ҷониби Русия 3 млн. 400 ҳазор $ ва Тоҷикистон 400 ҳазор $-ро ташкил дода, лоиҳа дар муддати се сол амалӣ мешавад.

Соли 2010 Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони бинои Маркази миллии санҷиш 2 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо карда буд. Лоиҳа яке аз қисматҳои лоиҳаи глобалии «Барномаи русиягии мусоидат ба маориф бо мақсади рушд (READ)» ба шумор меравад.