Шахсони масъули минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ки супориши ҳукуматдорон дар бораи муҳайё сохтани биноҳои анбор барои нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоями аз аҳолӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ҷамъовардаро иҷро накарданд, дар маҷмӯъ ба маблағи 1 ҳазору 050 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарнозири нозироти ҳифзи муҳити зисти гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Аъзам Тӯйчиев хабар дод, аз ҷумла роҳбарони як қатор ҷамоатҳои ноҳияҳои Данғара, Ҳамадонӣ, Балҷувон, Мӯъминобод ва ҳамчунин директори мактаби рақами 15-и шаҳри Кӯлоб ҷаримабандӣ шудаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, феълан дар анборҳои умумии корхонаҳои коммуналии ноҳияҳои минтақа ҳудуди 7 ҳазор адад лампаҳои камммасрафи корношоям ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. «Минбаъд бо ҷамъоварии миқдори зиёди лампаҳои корношоям, ки ба партов табдил додани онҳо зарур мешавад, онҳо ба корхонаи махсус ба Душанбе фиристода мешаванд», - гуфт ҳамсӯҳбат.

Ба андешаи Тӯйчиев, дар ин бахш мушкилот зиёд аст ва роҳҳои ҳалли он рӯзи 1-уми ноябр дар ҷараёни семинари минтақавии махсусе, ки таҳти раёсати муовини аввали раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегирад.