Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо Президенти Созмони ҷамъиятии умумироссиягии «Федератсияи муҳоҷирони Россия» Маҷумдер Муҳаммад Амин баргузор шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, дар вохўрӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Федератсияи Россия баррасӣ гардид.

Бино ба гуфтаи М.Амин, мақсади асосии Федератсияи муҳоҷирони Россия ин ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон буда, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар вақтҳои охир боиси нигаронии ӯ шудааст. М.Амин қайд кард, ки рўзҳои аввал, вақте муҳоҷирони меҳнатии тоҷик таҳти таҳқир қарор гирифта буданд, Федератсия тавассути расонаҳои хабарии Россия он ҳуқуқвайронкуниҳоро маҳкум кард. Ӯ таъкид кард, ки паст задани шаъну шарафи муҳоҷирони тоҷикро Федератсияи муҳоҷирони Россия таҳқир ба худ мешуморад.

Ҳамчунин, М.Амин зикр кард, ки яке аз сабабҳои боздошту берун кардани муҳоҷирони тоҷикро Федератсия дар ҳукми зиндони халабони рус мебинад.

Дар навбати худ, Сафири кишвар А.Достиев роҷеъ ба масъалаи мазкур изҳор дошт, «дар ҳар ҳолати муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, шаҳрвандони ин ё он кишвар набояд талафи ин муносибатҳо шаванд. Вақте муҳоҷирини меҳнатӣ содиқона кору фаъолият доранд, дар кадом асос онҳоро ҷазо медиҳанд ва аз кишвар берун мекунанд? Дар

мавриде, ки сиёсатмадорон аз минбарҳо истифода бурда барои манфиатҳои шахсии худ нисбат ба дигар миллатҳо сухан мегӯянд, ҳалли масъалаҳои байнидавлатиро бекор менамоянд».

Сафир қайд кард, ки дар ҳар сурат мақомоти судии Тоҷикистон қарори худро оид ба халабонон дар чаҳорчўби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал хоҳад кард, чунки мақомоти судӣ дар Тоҷикистон аз дигар шохаҳои мақомоти давлатӣ мустақил буда, ба кору фаъолияти он касе ҳуқуқи мудохила карданро надорад.

Ӯ аз М.Амин ва дигар созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, то ба эҳтирому риояи ҳуқуқи муҳоҷирон аҳамияти хоса диҳанд.

М.Амин таъкид кард, ки Федератсияи муҳоҷирони Россия омодааст, дар масъалаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ҳаматарафа мусоидат намояд.