Ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ба манзилҳои баландошёнаи шаҳри Кӯлоб қариб 50% афзуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов хабар дод, чунин вазъ бо зиёд кардани лимити барқ ба шаҳр аз 690 ҳазор кВт то 900 ҳазор кВт имконпазир гардид.

«Бо назардошти сардии обуҳаво қарор шуд, ки манзилҳои баландошёна бо нерӯи барқ бештар таъмин карда шаванд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ, айни замон ин микрорайонҳои шаҳр бинобар садамаҳои зиёд дар лӯлаи гази «Балҷувон-Кӯлоб», доимо ҷиҳати таъминот бо гази табиӣ мушкилот доранд.

Номбурда афзуд, дар маҷмӯъ аз 28-уми ноябр интиқоли нерӯи барқ 1-2 соат афзуда, дар як шабонарӯз 14-16 соатро ташкил медиҳад.