Тақсимоти қитъаи замин барои сохтмони манзили шаҳрвандон аз қасабаҳои 1-ум ва 2-юми шаҳри Хуҷанд идома мекунад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, бо ин мақсад  заминҳои доманакӯҳи Мевағул аз ҷониби ташкилотҳои пудратӣ ҳамвор карда, барои сохтмони хонаҳои истиқоматии хусусӣ мувафиқ гардонда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз ҳисоби заминҳои ҳамворшуда боз 9,54 гектар замин ҷудо карда, ба 159 оилаҳои эҳтиёҷманди манзил тақсим карда шуд.

«Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маросими тақсимоти замин суханронӣ карда, ҳамаи онҳоеро, соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ гардиданд, табрик намуд ва хоҳиш кард, ки ба хотири ободию зебогии маҳаллаҳои нав бунёдшаванда, беҳдошти симои меъмории ҳам минтақа, ҳам маҳалла ва ҳам шаҳр сохтмони иншоотро тибқи лоиҳаҳои аз ҷониби мутахассисон пешниҳодшуда ба роҳ монанд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз аввали маъракаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои қасабаҳои 1-ум, 2-юм ва мавзеи «Чашмаи арзана» 793 оилаҳои хуҷандиён соҳиби қитъаи замин гардиданд.