Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тревор Мур рӯзҳои 29-30 ноябри соли ҷорӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (ВРББ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз  водии Зарафшон  боздид кард. Сафир дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент як қатор вохӯриҳо гузаронид.

Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи корӣ бо масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ин минтақа шинос шуд ва рафти амалӣ гаштани кӯмакҳоеро, ки аз тарафи DFID дар доираи Барномаи  рушди иқтисодии деҳот (RGP)  маблағгузорӣ шудааст, аз назар гузаронид.

Дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот, ВРББ ва Барномаи рушди СММ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷиҳати беҳтар намудани банақшагирӣ, амалисозии Барномаи рушди ноҳияҳои мазкур ва дастгирии соҳибкории хурд тавассути пешкаш намудани қарзҳо ва маслиҳатҳои техникӣ аз ҷониби мутахассисон аз наздик хамкорӣ карда истодаанд.

Рӯзи  29-ми ноябр сафир бо  гурӯҳии кориаш бо Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ машварати корӣ доир намуд. Рустам Раҳматов ҳайати намояндагиро бо дастовардҳои имрӯзаи ноҳия шинос намуд. Ҳамон рӯз ҳайати расмӣ бо Гурӯҳи корӣ оид ба тартиби лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ намуд. Дар ҳамон рӯз ҳайат ба фаъолияти ширкати «COMSUP», ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, низ ошно гардид.

Рӯзи  30-ми ноябр ҳайати Сафорати Британия Кабир бо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Панҷакент вохӯрӣ намуд, ки дар он муваффақиятҳои Барномаи рушди ноҳия ва амалигардонии он муҳокима шуданд.

Ҳангоми вохӯрӣ бо ҷаноби  Хусрав Абдуназаров, раиси ноҳияи Панҷакент ҳайати  меҳмонон бо дастовардҳои ноҳияи Панҷакент ва водии Зарафшон шинос гардиданд.  

Сафир ҳамчунин аз макони бостонии Панҷакенти қадим боздид карда, бо  профессори тоҷик Шароф Қурбонов вохӯрӣ намуд. Номбурда меҳмононро бо идомаи пажӯҳиши пурарзиши бостоншиносӣ шиносоӣ намуд.

Сипас Тревор Мур ва  ҳайати корӣ  ба студияи телевизиони маҳаллии «Симо» ташриф оварданд. Раҳбари студия  ҷаноби Ғайбулло Муҳаммадиев оид ба телевизиони «Симо» ва фаъолияти имрӯзаи он ба сафир иттилоъ дод.

Баъдан ҳайати корӣ бо фаъолияти Асосиатсияи истифодабарандагони оби «Одил Темур», ки дар доираи  Барномаи  рушди иқтисодии деҳот сармоягузорӣ шудааст, шинос гардид. Меҳмонон  ҳамчунин бо намояндагии VSO, ташкилоти ғайридавлатии британӣ, ки бо Федератсияи Асосиатсияи истифодабарандагони об дар Панҷакент ҳамкорӣ дорад, вохӯрӣ намуданд. Баъдан сафир бо  намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ноҳияи Панҷакент сӯҳбат орост ва дар вохӯрии  мустақим бо иштироки донишҷӯён ва муаллимони Донишгоҳи Омӯзгории Панҷакент ширкат варзид.