Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ Сафиалло Девонаев ва роҳбари намояндагии ин хадамот дар Русия Асрор Одинаев ба шаҳри Санкт-Петербург рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин ҷо онҳо ният доранд, бо мақомоти раҳбарии ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ҷиҳати муайян кардани ҳолатҳои қазия ва тафтишоти объективии қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов гуфтушунид анҷом диҳанд.

Ҳамчунин мулоқоти С.Девонаев бо сардори Раёёсати Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева ба нақша гирифта шуда, дар он баррасии масоили густариши ҳамкориҳои мутақобила, андешидани чораҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи муҳоҷирони корӣ ва тавсеъаи роҳандозии интихоби муташаккили захираҳои меҳнатӣ барои эҳтиёҷоти иқтисоди минтақа дар назар аст.

Ёдрас мекунем, ки ҳамчунин субҳи имрӯз бо супориши раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов низ ҷиҳати расидагӣ ба қатли мудҳишонаи шаҳрванди тоҷик озими шаҳри Санкт-Петербури Русия шуд.