Сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс ва раиси ноҳияи Турсунзода Гулмамадов Давлатшоҳ барои ширкат дар маросими ифтитоҳи расмии ба истифода додани сохтори нави обтаъминкунӣ ба деҳаи Пахтаобод, ки дар қисми ҷанубӣ-ғарбии ноҳияи Турсунзода ҷойгир аст, ташриф оварданд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин маросим инчунин роҳбарони ҳукумати маҳаллӣ ва аҳли маҳалла ширкат варзиданд ва аз ҷониби мактаббачагони маҳаллӣ намоиши таълимию тарбиявӣ оид ба аҳамияти оби тозаи нӯшокӣ ва риояи қоидаҳои беҳдошт пешниҳод гардид.

“Бисёр деҳаҳои ҷумҳурӣ аз норасоии оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашанд ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз расонидани кӯмак барои ҳалли ин мушкилот ифтихор дорад. Ин лоиҳа дар соли ҷорӣ зиёда аз 75,000 нафар аҳолии Тоҷикистонро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин ҳоҳанд кард”, - дар суханронии хеш қайд намуд сафир Гросс. 

Бино ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаҳои Пахтаобод ва Қаратевал аз нарасидани оби тозаи нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд, ки ин боиси паҳншавии бемориҳои сироятии тавассути обгузаранда, хусусан байни кӯдакон дар ин минтақа гардид. Барои ҳалли ин мушкилот алалхусус беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ ва беҳтар намудани вазъи саломатию беҳдошт дар доираи фаъолияти лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ҳукумати маҳаллию аҳли маҳалла “Нақшаи амалиёти маҳалла оид ба ҳалли масоили об ва саломатӣ” таҳия карда шуд; дар натиҷаи фаъолияти лоиҳаи мазкур 10,322 нафар аҳолӣ дар деҳаҳои Пахтаобод ва Қаратевал бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Лоиҳаи обтаъминкунӣ дар деҳаи Пахтаобод яке аз 17 лоиҳаҳои хурдаст, ки айни ҳол аз ҷониби лоиҳаи USAID “Таъмини оби тозаи нӯшокӣ дар Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо аҳли деҳот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мешавад. Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 милион доллари амрикоӣро ҷудо намудааст.