Дар иҷлосияи Шӯрои Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар шаҳри Женева раиси Маҷмаъи кулли СММ Носир Абдул Азиз ан-Носир изҳор кард, ки айни замон ҳудуди 3%-и аҳолии сайёра берун аз кишвари мавлудаш кору иқомат дорад.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, раиси Маҷмаъи кулли СММ гуфтааст, ки имрӯз муҳоҷират яке аз масъалаҳои глобалии асри XXI ба шумор меравад.

«Ба ин шумор қариб 740 млн. нафар муҳоҷирони кориву ҳудуди 5 млн. афродеро, ки ҳамасола марзҳои байнулмилалиро убур месозанд, дохил намоед, комилан возеҳ аст, ки дарвоқеъ мо имрӯз дар ҷаҳони мутаҳаррик (мобилӣ) зиндагӣ дорем», - гуфтааст ӯ.

Носир Абдул-Азиз ан-Носир саҳми муҳоҷиронро ҳам ба кишварҳои хориҷӣ ва ҳам ба иқтисоди ватани худ муҳим арзёбӣ кардааст.

Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират, феълан 214 млн. нафар хориҷ аз кишвари худ кору зиндагӣ доранд.

Тибқи маълумоти расмии ҳукумати Тоҷикистон, айни замон ҳудуди 1 млн. нафар шаҳрвандони кишвар дар хориҷи кишвар қарор доранд, тибқи маълумоти ғайрирасмӣ бошад, теъдоди онҳо ҳудуди 2 млн. нафар арзёбӣ мешавад. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аслан Русияро кишвари кору зиндагӣ ихтиёр кардаанд. Ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон тақрибан 40%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.