Ахири ҳафтаи сипаришуда дар КВД «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсадид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории анъанавии шаҳрдории Душанбе баргузор шуд, ки дар он аъзои палатаи болоӣ ва поёнии парлумон аз ҳавзаҳои интихоботии пойтахт, роҳбарони ниҳодҳои интизомии шаҳр ва намояндагони дин ширкат варзиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод,  раиси пойтахт ба ҳозирин маълумот дод, ки дар марҳилаи кунунии ободонии шаҳр ва пурсамар гаштани татбиқи барномаҳои бунёдии инфрасохторӣ қисми барзиёди иҷроиши ҷамъоварии маблағҳои ба буҷети   шаҳрӣ ва буҷети ноҳияҳои  шаҳри Душанбе  барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдагардҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар гардида, баҳри иҷрои босифати корҳо ташкилотҳои соҳибтаҷрибаи пудратӣ тавассути озмуни кушод ҷалб карда хоҳанд шуд.

«Дар  ин равобит барои сафарбар кардани потенсиали аҳли ҷамоатчигӣ ва институтҳои  шаҳрвандӣ  таъкид гардид, ки бо роҳандозии назорати ҷамъиятӣ аз рафти корҳои иҷрошаванда онҳо имкон доранд дар ободонии шаҳраку маҳаллаҳо саҳмгузор гарданд», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, бо дахли масоили тақвият бахшидан ба баланд бардоштани сатҳи масъулият ва ифтихормандии сокинон дар риояву эҳтиромгузорӣ ба арзишҳои соҳибистиқлолӣ, асолати дунявияти давлатдорӣ, роҳ надодан ба махлутсозии фазои динию мазҳабӣ ва таҳвили унсурҳои бегонаву тафриқаангез зикр гашт, ки бо истифода аз хиради азалӣ, шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи қонунгузории кишвар тадбирҳои муқарраргардида андешида шаванд.

«Бо ин мақсад дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки баҳри таҳкими минбаъдаи фазои ваҳдати динӣ ва мазҳабӣ  дар шаҳр касбияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе таври доимӣ аз ҷониби Шўрои таъсисгардида таҳти раёсати Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имомхатиби масҷиди ҷомеи Марказии шаҳри Душанбе Саидмукаррами Абдукодирзода  мавриди таҳлил қарор гирад», - гуфт манбаъ. 

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамзамон сўҳбати ошкорои раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо фаъолони пойтахт сурат гирифта, мавсуф ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода, оид ба ҳалли пешниҳодоти манзур гашта ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришоти дахлдор ироа намуд.