Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои рушд ва барпо кардани хизмати маишӣ дар деҳот, инчунин аз монополия ва мутамарказнокӣ озод намудани таъминоти оби нӯшокӣ ва ҷамъоварии партовҳои сахт мизи мудаввар ташкил намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, Ҷеффри Лерер, роҳбари USAID дар Тоҷикистон ва Қаҳҳор Ойматов аз Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни чорабиниро шодбош гуфта, зимни суханронии худ аҳамияти баланд бардоштани иқтидори мақомотҳои маҳалиии ҳокимияти давлатиро дар таъмин намудани ниёзҳои асосии аҳолӣ таъкид намуд.

Ҷаноби Лерер қайд намуд: «Ташкил намудани рақобати бозорӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун воситаи асосӣ барои рушди устувори соҳаи хизматрасонӣ, хусусан таъмини оби нӯшокӣ ва ҷамъоварии партовҳои сахт дар деҳот мебошад».

Иштирокчиёни мизи мудаввар роҳҳои барпо сохтани рақобатро тавассути ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва дастрас намудани маблағгузории иловагиро, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ, муҳокима намуданд. Тавсияҳои ин чорабинӣ ба Барномаи рушди хизматрасонии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2025 ҳамроҳ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, аз соли 2009 инҷониб лоиҳаи USAID «Ташаббуси рушди маҳал» ба мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ дар ҳалли заруртарин ниёзҳои шаҳрвандон дар маҳалҳо кӯмак расонида истодааст.

Лоиҳаи USAID «Ташаббуси рушди маҳал» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмаки мардуми Амрико мебошад, ки тавассути USAID ба мардуми Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 1992 инҷониб барои амалӣ гардонидани барномаҳои дастгирии рушди институтҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва иқтисодиёт дар Тоҷикистон тақрибан 984 млн. доллари ИМА сарф намудааст.