Бонки ҷаҳонӣ ба татбиқи лоиҳаи дуюми беҳбуди низоми обтаъминкунии шаҳри Душанбе шурӯъ кард. Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба идоракунӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» кӯмаки техникӣ расонида мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, лоиҳа бо арзиши умумии 29 млн. доллари ИМА аз ҳисоби бурси Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд дар ҳаҷми 16 млн. ва сармоягузории муштараки мақомоти шаҳрдории Душанбе ба миқдори 3 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда мешавад. Анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе насби беш аз 75 ҳазор таҷҳизоти қубурҳои обрасон (водоровод), сохтмони пойгоҳҳои обкашии нав, ду ҳавзи захираи оби тоза, поксозии шабакаҳои обрасон ва ҳамчунин иҷрои корҳои дигар пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи аввали обтаъминкунии пойтахт аз соли 2002 то соли 2011 амалӣ гардид. Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев, бо амалисозии лоиҳаи якум натиҷаҳои мусбат ва назаррас ба даст оварда шуданд.

«Анҷоми лоиҳаи якум нуқтаи оғози амалисозии лоиҳаи дуюм аст, зеро чанде аз масоил то ҳанӯз ҳалли минбаъдаи худро талаб мекунанд. Бо назардошти машваратҳои доиргардида, ҳамоҳангсозӣ ва баррасии ҷиҳатҳои хоси лоиҳаи дуюм бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, мо комилан боварӣ дорем, ки ҳадафҳои мувофиқашуда ба ҳалли мушкилоти қаблан ҳалнашуда мусоидат хоҳанд кард», - афзуд ӯ.