Дар мизи гирд дар шаҳри Душанбе изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон баҳри мубориза бо истифодаи шиканҷа муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва тамоми аҳли ҷомеа зарур аст.

Дар кори мизи гирди мазкур кормандони Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, ВКД, Агентии назорати давлатии молиявӣ, вакилони парлумон, намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъияти адвокатҳо ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори чорабинӣ аз марҳилаи аввали лоиҳаи «Мубориза бар зидди шиканҷа дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамъиятии «Марказ оид ба ҳуқуқи инсон бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон амалӣ мешавад,  натиҷагирӣ шуд.

Зимни суханронӣ директори маркази минтақавӣ дар шаҳри Хуҷанд Татяна Хатюхина иброз дошт, ки дар Тоҷикистон истифодаи шиканҷа ҳамчун мушкилоти мушкилоти доимӣ боқӣ мондааст ва ба рафтори ғайриқонунӣ ҳам аз замони боздошти воқеӣ ва ҳам дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ роҳ дода мешавад. Ҳамоҳангсози лоиҳа Парвина Наврӯзова зикр кард, ки ҳадафи аслии татбиқи лоиҳа ноил гардидан ба аз байн бурдани шиканҷа ва дигар шаклҳоли рафтори бераҳмона дар Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ӯ, дар доираи лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 100 нафар прокуророн аз тамоми мангтиқи кишвар оид ба масоили адолати судӣ ва озодӣ аз шиканҷа, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.

Зимни ибрози андеша оид ба ин масъала сардори Раёсати назорати иҷрои қонун дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовари Прокуратураи генералӣ Муҳаммадризо Халифазода гуфт, соли равон шумораи аризаҳо дар бораи истифодаи шиканҷа ва рафтори бераҳмона аз 48 адад то ба 22 адад коҳиш ёфтааст. Аз рӯйи ин аризаҳо 5 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки далелҳои истифодаи шиканҷа дар онҳо тасдиқ шудаанд.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ эътироф кард, ки феълан дар Тоҷикистон оид ба далелҳои истифодаи шиканҷа омори махсус мавҷуд нест ва айни замон аз рӯйи ин ҳодисаҳо танҳо мониторинг гузаронида мешавад, вале он самаранок нест, зеро дар Кодекси ҷиноӣ дар ин хусус моддаи алоҳида вуҷуд надорад. Дар сурати ба Кодекси ҷиноӣ ворид сохтани моддаи алоҳида дар ин бора метавон ин гуна далелҳоро ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дод. «Бо далелҳои истифодаи шиканҷа моро зарур аст, ки на дар Кумитаи СММ ҷавоб гӯем, балки онро мебояд дар дохили кишвар ҳаллу фасл намуд», - гуфт вай.

Судяи Суди олӣ Шӯҳрат Азимов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки аксаран дар чунин ҳолатҳо ҷабрдида ва адвокати ӯ далелҳои мӯътамад оварда наметавонанд ва аз ин рӯ, қабули қарор ба судя мушкил мегардад.

Дар фарҷоми кори мизи гирд иштирокчиёни он як қатор тавсияҳо пешниҳод карданд, ки таъмини дастрасии воқеии адвокат ба боздоштшуда аз замони дастгир намудан; дар КМҶ ҷой додани муоинаи тиббии ҳатмии боздоштшуда дар ҳузури адвокат; ташкили механизми пурсамари тафтишот ва вокуниш ба далелҳои шиканҷа; таъсиси ниҳоди назорати ҷамъиятӣ дар ҷойҳои боздоштгоҳҳои пешакӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.