Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. дар ҷаласаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок варзида, аз натиҷаи сафари кории хеш ба Раиси Маҷлиси намояндагон мӯҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ва вакилони мардумӣ гузориши муфассал пешниҳод намуд. 

Тавре аз маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, омӯзиши вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва қазияи куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Расулов яке аз масъалаҳои асосии баромади Сардори Хадамот дар назди Раиси парлумон ва вакилони мардумӣ буд. Амалисозии патент, роҳу усулҳои гирифтани он тавассути тайёр кардани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон , масъалаҳои омӯзиши забони русӣ ва касбу ҳунарҳо ба муҳоҷирони меҳнатӣ, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунандаи Россия, пешгирӣ ва ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз ҷумлаи масоиле буданд, ки зимни баромад матраҳ гардиданд.

Дар охир Сафиалло Девонаев, иброз намуд, ки Хадамоти муҳоҷират айни замон бо Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ,оила ва ҳифзи сиҳати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамкории зич дошта, умедвори ҳамкориҳои бештар ва тақвият ёфтани робитаи парлумон ва Хадамоти муҳоҷират мебошад.

Пас аз баромади Сардори Хадамоти муҳоҷират, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Шукурҷон Зуҳуров аз фаъолияти Хадамоти навтаъсис ёдовар шуда, баҳри таҳким ва такмили сохтор, ҳамкории ҳарчи бештари тамоми вазорату идораҳои дахлдорро хостор шуд. Инчунин амалисозии додани патентро аз дастовардҳои муҳими сафари Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. арзёбӣ намуд.