Муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия умедвориҳои зиёд доранд, - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги TAJINFO Муҳаммади Эгамзод.

«Ҳоло маълум нест, ки пас аз қазияи пурсарусадои халабонон Маскави расмӣ Эмомалӣ Раҳмонро чӣ гуна қабул мекарда бошад, - гуфт вай. – Ҳарчанд дар баробари Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати иштирок дар мулоқотҳои ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СААД сарони кишварҳои дигар ташриф оранд ҳам, тааҷубовар нахоҳад буд, ки таваҷҷуҳи зиёди коршиносони сиёсиву журналистон маҳз ба мулоқоти сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон нигаронида хоҳад шуд».

Ба андешаи Эгамзод, тоҷикистониёни муқими Русия умедворанд, ки пас аз мулоқоти Э.Раҳмон ва Д.Медеведев муносибат миёни кишварҳо боз хуб мешавад.

«Гап сари он аст, ки Русия яке аз кишварҳоест, ки дар он тавассути ВАО метавон дар як соат ақидаи тамоми ҷомеаро дигаргун кард. Маҳз маводи журналистон дар робита ба боздошти халабони рус дар Тоҷикистон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин афкори ҷомеаро ташаккул доданд. Он рӯзҳо дар ин хусус ҳам сиёсатмадорону ҳам таксиронҳо ва ҳам фурӯшандагони мағозаҳо ҳарф мезаданд. Барои бори дигар тайир додани афкори ҷомеа асосу далели муҳими иттилоотӣ зарур аст. Ин дафъа сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ва гуфтушуниди ӯ бо мақомоти раҳбарии Русия чунин далел шуда метавонад», - мегӯяд Эгамзод.

Эгамзод ба ин назар аст, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи Русия ба гирдиҳамоии рӯзи 24-уми декабр эълоншудаи норозиён аз натоиҷи интихобот ба парлумон нигаронида аст. «Аммо то ҳанӯз дар матбуот роҷеъ ба «муносибатҳои сард»-и Тоҷикистону Русия мавод ба табъ мерасад. Дар матбуот зиёд пайдо шудани маълумот дар бораи парвандаи ҷиноии писари роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукум, ки гӯё бо сарвари давлат пайванди хешигарӣ доштааст, як навъ огоҳии иттилоотӣ дар остонаи сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав аст».

Ба қавли номбурда, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия ва натиҷаҳои он дар афкори доираҳои муайяни Русия андешаи навро ба вуҷуд меоваранд. «Ин доираҳо – корфармоён, намояндагони хадамоти муҳоҷират, кормандони пулис, ширкатҳои интиқолдиҳандаи маблағҳои пулӣ, нотариус ва ғайраҳо мебошанд, - идома дод ӯ. – Барои ин гурӯҳҳо натиҷаи мусбат зарур аст, то ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик ба эътидол баргардонида шавад».