Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. А. Девонаев бо роҳбари Намояндагии Ташкилоти Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнал Гаҷиев (Ҳоҷиев) вохӯрӣ намуд. Ҷаноби Зайнал Гаҷиев, барои ҳамкории судманд дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар соли сипаримегашта, ба Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ташаккур намуд.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, доир ба ҳолати кунунии муҳоҷирати меҳнатӣ, Сафиалло Девонаев, қайд кард, ки: «ТБМ дар самти танзими равандҳои муҳоҷират дар ҶТ саҳми калон дошта, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират фаъолияти ТБМ-ро дар Тоҷикистон баланд баҳогузорӣ менамояд».

Сафиало Девонаев, дар рафти мусоҳиба доир ба дастовардҳои Хадамоти муҳоҷират дар масъали танзими муҳоҷирати меҳнатӣ маълумот дод.

 Дар навбати худ роҳбари Намояндагии ТБМ дар ҶТ оид ба лоиҳаҳое, ки дар соли 2012 ба нақша гирифта шудаанду, дар ҳамкории зич бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ хоҳанд гашт, мушаххас баён намуд. Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои ба нақшагирифта дар соли 2012, мустаҳкам намудани нерӯи Хадамоти муҳоҷирати ҶТ ва самти муҳими фаъолияти ҳарду ташкилот оид ба муҳоҷират идома додани кор оид ба автоматикунонии ҷамъоварии маълумоти омории соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Аз фурсат истифода бурда, Сафиалло Девонаев ба роҳбари ТБМ барои пешниҳоди лоиҳаҳо оид ба танзими ҳолати муҳоҷират Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккур гуфт.

 Инчунин, Зайнал Гаҷиев ба Сардори Хадамоти муҳоҷират дар идомаи фаъолияти душвор дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, муваффақият таманно намуд.

 Дар интиҳои вохӯрӣ роҳбарони ҳарду мақомот қайд намуданд, ки мулоқот бо ҳусни тафовум ва таҳкими ҳамкориҳои судманд сипарӣ гашт. Ғайр аз ин, тарафҳо иброз доштанд, ки оид на дертар аз семоҳаи аввали соли 2012 меморандум оид ба ҳамкорӣ таҳия намуда, ба имзо мерасонанд.