Ахири ҳафтаи гузашта дар шафати Майдони «Ситораҳои Хуҷанд», қасабаи 12-ум ва маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд бо дастури Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода намоиш - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурову Конибодом, Истаравшану Ғончӣ, Спитамену Зафаробод, ҳамчунин аҳли заҳмати корхонаҳои коркарди маҳсулот ва муассисоти тобеи Иттифоқи матлуботи вилоят, Агентии захираҳои моддӣ бо мақсади ғановати дастархони солинавии шаҳриён дар маҷмӯъ 212,9 тонна меваю сабзавот, зироатҳои  полезӣ, гӯшту консерв, 8 ҳазор дона тухм ва дигар намудҳои маҳсулотро ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Ҳамчунин алоқамандони Ассотсиатсияи асалпарварӣ, қаннодони соҳибҳунари хуҷандӣ дар шафати намоишгоҳ растаҳои алоҳида ороста, шириниҳои Хуҷандро ба ихтиёрдории харидорон пешниҳод карданд.

Дар радифи баргузории намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо мақсади болидагии табъи сокинони Хуҷанд ва меҳмонони маркази вилоят барномаҳои рангини консертӣ намоиш дода,  дигар табдирҳои фарҳангӣ роҳандозӣ гардиданд.

Ҳамин гуна намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ имрӯз дар арафаи Соли нав дар маркази ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Суғд гузаронида шуд.