Чанде қабл мулоқоти Сардори Хадамоти муҳоҷират Девонаев С.А. бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаврук О.А. доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳангоми мулоқот масъалаҳои ратификатсияи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ки моҳи октябри соли 2011 зимни дидори расмии Президенти Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд, мавриди муҳокима карор гирифт.

Сардори Хадамоти муҳоҷират оид ба Созишномаи байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Белорус оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ки баъди мувофиқат бо вазорату идораҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 4 январи соли 2012 барои баррасӣ ба Ҷумҳурии Булорус равон карда шуда буд, маълумоти мухтасар дод.

Ҷонибҳо ба таври муфассал оид ба масъалаҳои будубоши қонунии муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Белорус инчунин, пайдо намудани гурӯҳҳои корфармо дар Белорус ва ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон ва сафарбарнамудани онҳо аз Тоҷикистон ба Белорус, татбиқи барномаҳои давлатӣ, инкишофи шаҳракҳои кишоварзӣ дар Белорус ва иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар амалӣ намудани онҳо гуфтугузори судманд анҷом доданд.

Ҳамчунин, зимни ин мулоқот масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират мавриди муҳокима қарор гирифтанд.