Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев Сафиалло бо Коллегияи адвокатҳои мустақили шаҳри Душанбе бо сардории Зокиров Фахриддин баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар мулоқот оид ба таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо барои кушодани дафтари махсус оид ба расондани кӯмаки ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолият доранд баррасӣ гардид.

Мақсади таъсис додани гурӯҳи адвокатҳо, ки иборат аз 5 нафар аст, ба таври расмӣ расондани кӯмакҳои баландихтисоси ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи адвокатҳо фаъолияти худро рӯзҳои наздик дар назди Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия пас аз анҷоми расмиёти хуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирӣ, тибқи қонунгузории Федератсияи Россия оғоз хоҳанд намуд.

 Зикр кардан ба маврид аст, ки дар вохӯрии мазкур, Роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асрор Одинаев иштирок дошт.

 Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои мустақилли шаҳри Душанбе ба нақша гирифтаанд, ки дар оянда дафтарҳои худро барои расондани кӯмаки ҳуқуқӣ дар тамоми субъекту ҳавзаҳои федералии Россия таъсис диҳанд.