Дар намоишномаҳои театрикунонидашудаи таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ҷалби ҳудуди 4 ҳазор толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва наздики 6 ҳазор донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала гуфт, иштироки толибилмон дар чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни Наврӯз ба ҷараёни таҳсили онҳо монеа эҷод нахоҳад кард, зеро он дар вақти берун аз дарсҳо гузаронида мешавад.
«Мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ онҳоро бо нақлиёт ва ғизо таъмин хоҳанд кард», - гуфт номбурда.
Аз Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар чорабиниҳои ҷашнии иди Наврӯзи байнулмилалӣ ҳудуди 6 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олии пойтахт низ ҷалб карда мешаванд. Онҳоро низ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо нақлиёту ғизо таъмин мекунанд.
«Омодагирӣ ба намоишҳои оммавӣ бо иштироки толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ аз 6-уми феврал ва донишҷӯён аз 14-уми феврал шурӯъ мешавад», - гуфтанд дар Вазорати маориф.
Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ барои омодагӣ ба таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз-2012 дар Тоҷикистон таҳти сарварии нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақшаи кории он тасдиқ гардидааст.
Ҷашни қадимаи мардуми форсизабон соли гузашта бо қарори СММ мақоми ҷашни байнулмилалиро соҳиб шуд ва соли равон бори нахуст дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои воломақоми беш аз 30 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.




Иштироки мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Чин
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 47
Расонаҳо: Куштори як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қундузи Афғонистон
Бонки осиёии рушд то охири соли 2026 ба Тоҷикистон танҳо грант медиҳад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 марти соли 2026
Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста