Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои сохтмони бозори замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт 1,5 га қитъаи замин ҷудо гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, сохтмони бозор ба ӯҳдаи ҶДММ «Строй-Комплекс» вогузор шудааст. «ҶДММ «Строй-Комплекс» ба корҳои сохтмонӣ пас аз дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, иҷозатномаи Бозрасии назорати давлатии меъморӣ-сохтмонии Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе шурӯъ менамояд», - гуфт вай.

Ҳамчунин дар яке аз бандҳои қарор гуфта мешавад, ки дар сурати аз ҷониби ҶДММ «Строй-Комплекс» дар давоми 3 сол шурӯъ накардан ба сохтмон, ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин қатъ мегардад.