Ахири ҳафтаи гузашта мулоқоти Сардори хадамоти муҳоҷирати назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев бо Вазири маорифи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар рафти мулоқот роҳбарон нисбати ба танзим даровардани   корҳои иҷрошудаистода доир ба масъалаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, васеъ намудани минтақаҳои бозори меҳнат барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайёрии тахассусии муҳоҷирон ва омӯзиши забони русӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори ақида намуданд.

Девонаев С. зарурати  додани диқкати ҷиддӣ ба омӯзиши забони русӣ ва баланд намудани сатҳи тайёрии касбии муҳоҷиронро қайд намуд.Барои хатмкунандагони мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Руссия, кори сазовор ёфтан мумкин аст, вале хуб надонистани забони русӣ аз тарафи ҷавонон ба ҳалли ин масъала монеа мешавад. Аз ин лиҳоз зарурати  тайёр намудани мутахассисони баландихтисос бо донистани забони хориҷӣ ва мувофиқат ба талаботи  бозори меҳнати давлатҳои бокортаъминкунанда ба миён омадааст.

Дар ҷумҳурӣ хона-интернатҳо барои кӯдаконе, ки бе волидайн модаанд, амал мекунанд. Аз ин лиҳоз бо кӯшишҳои муштакрак дар чунин хона-интернатҳо барои тайёрии махсуси касбии тарбиятгирандагон  шароити лозимӣ муҳайё намудан зарур аст.

Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Н. оид ба ҳамкории судманду самарабахш бо Хадамоти муҳоҷират ибрози ақида намуд. Саидов Н.С. дар бораи муайян намудани касбҳои серталаб дар бозорҳои меҳнатии Федератсияи Руссия, Украина, Қазоқистон, Эстония, Латвия ва Литва шавқмандӣ зоҳир намуд. Муайян намудани номгӯи касбҳои сарталаб барои ба танзим даровардани фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, дар мувофиқат бо талаботи бозори меҳнат, мусоидат мекунад.

Алҳол дар Донишоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино гурӯҳҳое мавҷуданд, ки таҳсил танҳо ба забони англисӣ гузаронида мешавад. Ин имконият медиҳад, ки кадрҳои ҷавобгӯ ба талоботи байналмилалӣ тайёр карда шаванд. Хатмкунандагон имконияти на танҳо дар хориҷи наздик, балки дар хориҷи дур низ пайдо намудани ҷойи корро ба даст меоранд.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дорад дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ шаҳрандони кишварҳои хориҷиро омӯзонанд Дар ин раванд барои омузонидани шаҳрвандони ҷумҳурии Исломии Афғонистон корҳои муайян амалӣ гардида истодаанд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо ба хулоса омаданд, ки захираҳои меҳнатии давлат – ин боигарии кишвар аст ва тайёрии босифати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ барои зиёд намудани ин боигарӣ мусоидат менамояд. Роҳбарони ду муассиса оид ба ҳамкории зич нисбати тайёрии касбии муҳоҷирон ва омӯзишӣ забони русӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон шавқмандӣ зоҳир намуданд.