Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия мушкилоти навбатии марбут ба пардохт нашудани маблағи пулии муҳоҷирзани тоҷик аз ҷониби корфармо ҳаллу фасл гардид.

Тавре аз Дафтари матбуоти  Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР хабар доданд, муҳоҷирзани тоҷик Алиматова Матлуба,  истиқоматкунандаи деҳаи Куртаки ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба намояндагии мазкур бо аризаи надодани музди меҳнаташ  аз тарафи ширкати  «Арт Клин Сервис»   ба маблағи  20.000 рубли русӣ  муроҷиат намудааст.

«Корманди Намояндагӣ А. Ӯрунов дар рафти санҷиши аризаи мазкур далелҳо оиди напардохтани музди меҳнати муҳоҷирзанро  аз тарафи корхонаи қайдгардида   тасдиқ  намуда,   пас аз вохӯрӣ   бо директори  ширкати «Арт Клин Сервис» музди меҳнати Матлуба Алиматова баргардонида шуд», - гуфтанд дар намояндагӣ.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия таваҷҷуҳи муҳоҷирони кории тоҷикро ба он ҷалб мекунад, ки сабабҳои асосии ба ин мушкилот афтодани муҳоҷирони меҳнатӣ,  ин вобаста ба ҷиҳатҳои пасти маънавиёти онҳо  доир   ба надонистани ҳуқуқу қоидаҳои коргарони хориҷӣ дар кишвари иқомат  мебошад.  Фисади зиёди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик  бе бастани шартномаи  меҳнатӣ  ё шаҳрвандӣ –ҳуқуқӣ  дар шакли хаттӣ  бо фармоишгарони кор , ба фаъолияти меҳнатӣ мепардозанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунон  муҳоҷирон  ба ӯҳдадориҳои меҳнатии худ, яъне кадом корро шурӯъ бояд кунанд ва дар кадом  мӯҳлат , инчунин андозаи маошашон ва мӯҳлати пардохти он диққати ҷиддӣ надода, дар охири кор ба асорати қарзии корфармоёни худ гирифтор мешаванд.