Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдулллоев оид ба масъалаи ба тартиб овардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва танзими тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт ҷаласаи мақомоти шаҳрдорӣ баргузор шуд.

Котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, дар ҷаласа шахсони масъули соҳаи мазкур, вакилони маҷлиси вакилони халқи пойтахт, намояндагони ҷамъиятҳои саҳҳомии машғул ба ҳамлу нақли мусофирон ширкат варзиданд.

«М.Убайдуллоев бо лоиҳаи пешниҳодшудаи хадамоти дахлдори шаҳр оид ба боло бурдани тарофаҳои роҳкиро дар нақлиёти мусофиркаши пойтахт шинос шуда, онро ҷиҳати бознигарӣ бозпас баргардонд.  Лоиҳа бо хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумат ва комиссияҳои ҷамъиятии шаҳр мувофиқа шудааст. Раиси пойтахт тасмими худро бо он асоснок намуд, ки тарофаҳои нав ба талаботи ҳифзи иҷтимоии категорияҳои ҷудогонаи шаҳрвандон ҷавобгӯ нестанд», - иброз дошт Ш.Саидов.

Ба қавли ӯ, М.Убайдуллоев хадамоти дахлдори пойтахтро муваззаф сохт, ки дар муддати ду ҳафта масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи такмилёфтаро ҷиҳати баррасии такрорӣ пешниҳод намоянд.

«Таваҷҷуҳи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба он равона гардид, ки бо мақсади истифодаи мақсадноки воситаҳои буҷетӣ, беҳбуди сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва кӯмак ба категорияи имтиёздор такмили қонунгузории мавҷудаи кишвар зарур аст», - афзуд Ш.Саидов.