Бинобар сабаби сардии шадиди обуҳаво, ҳукуматдорони шаҳри Чкаловски вилояти Суғд нафақахӯрони танҳоро то фасли баҳор дар меҳмонхонаи замоне овозадори «Хуҷанд» ҷой доданд.

Кормандони меҳмонхона ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфтанд, аз ҷониби мақомоти маҳалли таъминоти иҷтимоӣ рӯйхати 9 нафар нафақахӯрони танҳо пешниҳод гардида, дархост шудааст, ки онҳо дар меҳмонхона ҷой дода шаванд.

Ба рӯйхат асосан занони нафақахӯр - маъюбони гурӯҳи дуюм шомил буда, танҳо панҷ нафари онҳо ба истифода аз ин ғамхорӣ розӣ шудаанд. «Онҳо дар ҳуҷраҳои як ва ду нафарии дорои бухориҳои барқӣ ва телевизор ҷой дода шуда, бо ғизо, ки дар қаҳвахонаи меҳмонхона омода мешавад, таъминанд», - гуфтанд кормандони меҳмонхона.

Ба қавли онҳо, маводи ғизоии нафақахӯрон аз ҷониби як қатор сарпарастони маҳалливу афроди хайрхоҳ таъмин карда мешавад.

«Дар обуҳавои сарди зимистони соли 2007 низ чунин қишри ниёзманди аҳолӣ дар меҳмонхона зиндагӣ карда буданд. Бо мусоид шудани обуҳаво онҳо ба манзилҳои худ бармегарданд», - афзуданд онҳо.