Дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд пардохти маблағи таҳсил барои моҳи январро талаб мекунанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин моҳ толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба таътил баромада буданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сокинони шаҳри Хуҷанд, ки фарзандонашон дар гимназияи № 13 ва мактаб-гимназияи №4 таҳсил мекунанд, хабар доданд.

Ҳар моҳ волидайни кӯдакон барои баргузор намудани машғулияти иловагӣ ва таъмини «ҳайати хурди хизматӣ»-и мактаб маблағ месупоранд, вале моҳи январ онҳо дар таътил буданд.

Аз Раёсати маорифи вилояти Суғд ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷамъоварии маблағ барои моҳи январ аз падару модарон ғайриқонунӣ аст.

«Мо дар ин бора маълумот надорем, вале агар чунин ҳодисаҳо ҷой дошта бошанд, ин ташаббуси худи мактабҳо буда, умуман мухолифи ӯҳдадориҳои шартномавӣ миёни падару модарон ва мактаб аст», - гуфт манбаъ.