Аз 12 то 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои бузурги кишвар бахшида ба 23-юмин солгарди хурӯҷи нерӯҳои мусалллаҳи шӯравӣ аз Афғонистон як силсила чорабиниҳо доир мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Иттифоқи интернатсионалистони ҶТ Шавкат Мирзоев хабар дод, ахири ҳафтаи гузашта дар бинои Филармонияи давлатии шаҳри Душанбе чорабиниҳои идонаи хайрия доир гаштанд, ки дар он сарбозони интернатсионалист аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Дар толори филармония аксҳову баннерҳо дар бораи фаъолияти Иттифоқи интернатсионалистони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Дар чорабинӣ хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, ВКД, Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, курсантҳо, сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия, донишҷӯёну муҳассилини макотиб ва модарону хешовандони сарбозони интернатсионалист иштирок карданд. Чорабиниҳои ба ин монанд дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

Рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Душанбе маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко баргузор мешавад.