Дар маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти ҶТ ва Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ), бо иштироки Сардори Хадамоти муҳоҷират  Девонаев Сафиалло,  Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Муҳамаддиева Бахтия, намояндагони ТБМ Малика Ёрбобоева ва роҳбарони Раёсату шӯъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, муаррифии системаи иттилоотии автоматикунонидашудаи «муҳоҷирати меҳнатии беруна» дар ҳузури ВАО баргузор гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, мақсади роҳандозии системаи мазкур, ташкили  махзани ягонаи автоматикунонидашуда, коркард, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи иттилоот мебошад, ки имконият медиҳанд, то баҳисобгирии саривақтии раванди муҳоҷирати шаҳрвандони ҶТ ба танзим дароварда шаванд.

Дар варақаҳои бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатии ҶТ ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа ному насаб, синну сол, ноҳияи баромад, мақсади сафар ва давлати сафаркунанда қайд карда шудааст. Варақаҳои мазкур имкон медиҳанд, ки омори дақиқу аниқи муҳоҷирон-шаҳрвандони ҶТ  ба роҳ монда шавад.

Дар интиҳо, Сардори Хадамот пешниҳод намуд, ки системаи мазкур бояд ҳарчи зудтар роҳандозӣ гардад,  чун ин барнома ба кори Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати бақайдгирии аниқи муҳоҷирон, аз ҷумла шахсоне, ки ба сифати сайёҳӣ, корӣ, тиҷорат, омӯзиш, таҷрибаомӯзӣ ва ғайра сафар мекунанд, ба қайд гирифта, ба Хадамоти муҳоҷират, Агентии омор ва дигар сохторҳои дахлдор, бевосита кӯмак хоҳад расонд.

Қобили зикр аст, ки ҳафтае қабл вохӯрии Сардори Хадамот бо роҳбари намояндаи Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират (ТБМ) Зейнал Гаҷиев пиромуни роҳандозии системаи мазкур баргузор гардида буд.