Ному насаби ҳамаи аъзои ҳалокшудаи ҳайати чархболи Ми-8, ки дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд, маълум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бар асари садама чаҳор нафар афсарони нерӯҳои низомии ҳавоӣ – писари муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ подполковник Вадим Грудина, майор Бахтиёр Ҷӯраев ва сарлейтенантон Азизулло Мансуров ва Хушнуд Амирбеков ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 15-уми феврал дар Донишкадаи низомии Вазорати мудофиаи ҶТ маросими видоъ бо афсарон доир гардид.

Ёдрас мекунем, ки чархболи Ми-8-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли 2011 дар ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дар Афғонистон (ISAF) кор мекард, рӯзи 11-уми феврал дар музофоти Зобули Афғонистон ба садама дучор шуд.

Тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби садамаро ба обуҳавои номусоид рабт медиҳанд зеро замони ба садама дучор гардидани чархбол дар музофоти Зобул тӯфони шадиде ҳукмфармо будааст.

Акс аз маросими видоъ бо афсарон