Бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои экологӣ ва ВАО ҷаласаи навбатии комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони кишвар баргузор шуд.

Раиси комиссияи мазкур Рустам Латифов гуфт, ҳадаф аз таъсиси комиссия мусоидат ба танзими фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва такмили қонунгузорӣ дар соҳаи экология аст.

Дар робита ба масъалаи истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ номбурда таъкид кард, ки фаъолияти аксари иншооти гидроэнергетикии минтақа аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад ва инро мебояд ба инобат гирифт.

«Барои пешгирии паҳншавии овозаву фарзияҳои беасос дар минтақа, дар ноҳияҳои наздимарзӣ баргузор кардани мониторинги муштараки вазъи экологӣ зарур аст», - иброз дошт вай.

Раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар парлумон Махфират Хидирова гуфт, комиссияи экологии парлумон дар шабаакаи Интернет сомонаи худро боз намуда, дар он маводи таҳлилӣ ва суханрониву андешаҳои олимону сиёсатмадорон дар бораи вазъи экологӣ дар минтақаро ҷой медиҳад.

«Ғайр аз ин, палатаи поёнии парлумон миёни ВАО барои маводи беҳтарин дар бораи масоили экологии ҷумҳуриву минтақа озмун эълон мекунад», - афзуд ӯ.