Дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон раванди таъйиди салоҳият (аттестатсия)-и имомхатибони 57 масҷид ба анҷом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи минтақавии умури дини Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои санҷиши дониш ва риояи арзишҳои исломӣ 6 нафар имомхатибон аз вазифа озод карда шудаанд.

«Имомхатиби яке аз масҷидҳои маркази шаҳри Кӯлоб ҳатто ба талаботи оддӣ ҷавоб дода наметавонист, - гуфт вай. – Панҷ нафар имомхатибони дигар сатҳи дониши пасти  худ дар дин ва қонунгузориро ҳис карда умуман ба санҷиш ҳозир нашуданд, ки онҳо низ аз мансабашон сабукдӯш мегарданд».

Ш.Абдулҳамидов бар ин назар аст, ки баъзан имомхатибон ҳатто ҳаҷми маблағи хайрияи ибодаткунандагонро пинҳон медоранд, то ки аз он ба буҷети давлат фоизи муайян насупоранд, яъне ҳамон арзишҳои исломиро, ки таблиғ мекунанд, худашон риоя намекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи умури дин, соли гузашта салоҳияти 3 ҳазору 366 имомхатибон санҷида шуда, 106 нафар имомхатибон аз кор сабукдӯш гардиданд. Соли равон сатҳи донишу салоҳияти 300 нафар имомхатибон санҷида мешавад.