То имрӯз 150 хоҷагии деҳқонии минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ аз «Агроинвестбонк» барои рушди пахтакорӣ ба маблағи 2 млн. 28 ҳазор сомонӣ қарз гирифтанд.

Мудири дафтари асосии бонк дар минтақаи Кӯлоб Сайфиддин Қадамов ба ОИ «Азия-Плюс» дар робита ба ин масъала гуфт, бинобар сабаби тағйирёбии обуҳаво, корҳои агротехникӣ дар мӯҳлатҳои барвақтттар то шудгори зимистона гузаронида мешаванд.

«Аз ин рӯ, сарфи назар аз баъзе мушкилоти молиявии ҷойдошта, бонк дархостҳои пахтакоронро қонеъ сохта, ба онҳо қарз ҷудо кард», - гуфт вай.

С.Қадамов мегӯяд, дар муддати чор соли амали механизми нави маблағгузорӣ ба истеҳсоли пахта тақрибан 100 хоҷагии деҳқонӣ дар минтақа муайян шуданд, ки бонк ба онҳо эътимоди комил дорад.

«Ба чунин хоҷагиҳо дар навбати аввал қарз ҷудо гардида, мӯҳлати пардохти қарзҳои баъзе аз онҳоро то 6 моҳ дароз мекунем, то ки онҳо оромона ва бо нархи дилхоҳ маҳсулоти худро фурӯшанд», - иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, кишоварзони минтақаи Кӯлоб қарзҳои мавсими соли 2010-ро пурра пардохт намуда, маблағи қарзи мавсими соли 2011 дар ҳаҷми 8 млн. 351 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 36,3% пардохта шудаанд. Дар ноҳияи Ҳамадонӣ ҳаҷми пардохти қарзи мавсими соли гузашта 62 ва дар ноҳияи Фархор – 40%-ро ташкил медиҳад.