Дар Душанбе маросими расмии тақдими шаҳодатномаҳо ба 15 масҷиди нави намози панҷгона дар водии Рашт доир гардид. Ба имомхатибони масҷидҳои тозасабтшуда якнусхагӣ китоби Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ низ супурда шуд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо муовини раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов аз ҷумла қайд кард, ки масҷид ҷойи ибодату тавба аст, на макони хӯроки шомхӯриву роҳандозии бозиҳои сиёсӣ ва ё баррасии овозаҳову ғайбати ҳамсоягон.

«Акнун масъулияти шумо дучанд гардида, масъулияти ибодаткунандагони масҷид низ бар дӯши шумост», - гуфт вай.

М.Мухторов таъкид кард, ки дар Тоҷикистон имомхатибоне фаъолият доранд, ки минбари масҷидро ба шахси аслу насабаш ва мансубияти диниаш номуайян пешкаш мекунанд. Ӯ имомхатибонро огоҳ кард, ки мутобиқи низомнома ба сухан гуфтану таблиғот аз минбари масҷид танҳо имомхатибон ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд.

Номбурда афзуд, барои сабти масҷидҳо имомхатибони масҷидҳо танҳо тарофаи расмӣ ба маблағи 52 сомониро пардохт мекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи мазкур, соли равон дар Тоҷикистон 47 масҷиди нав ба қайд гирифта шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистон 151 масҷиди нав ба қайд гирифта шуда буд.