Моҳи январи соли равон ба Тоҷикистон аз 17 кишвари дунё кӯмаки башардӯстона ворид гардид. Маблағи умумии кӯмак  беш аз 5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар ин давра ба сифати кӯмаки башардӯстона ба ҷумҳурӣ 2300 тонна орд ба маблағи зиёда аз 1,02 млн. доллари ИМА, 41 тонна равғани рустанӣ ба маблағи 70 ҳазор $, воситаҳои дорувориву таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи умумии зиёда аз 3,1 млн. $, дигар маҳсулоти ғизойӣ, таҷҳизоти гуногун ва ғайра ворид гардиданд.

Дар байни кишварҳо-донорон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Миср – 41,6%, Нидерланд – 14,8%, Эрон – 7,3%, Дания – 6,5%, Малайзия – 2,4%, Австрия – 1,6%, Латвия – 1,4%, Русия – 21% ва Қазоқистон – 1,3% рост меояд.