Як ҳайати расмии Тоҷикистон таҳти сарварии вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов дар шаҳри Тошканд қарор дошта, дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Омодасозии насли бомаърифат ва аз ҷиҳати зеҳнӣ ташаккулёфта ҳамчун шарти муҳими рушди устувор ва таҷдиди кишвар» ширкат меварзанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҳошияи кори конфронс вохӯрии вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон Нуриддин Саидов ва ҳамтои ӯзбеки ӯ Темир Ширинов доир гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо бобати низоми амалкунандаи маорифи кишварҳо ва дурнамои роҳандозии ҳамкории пурсамар миёни муассисаҳои таълимӣ табодули афкор намуданд.

«Чанде қабл ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти як қатор муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва махсуси шаҳри Тошканд аз наздик ошно гардид. Ҳайат бо фаъолияти Коллеҷи геодезия ва харитасозӣ, Коллеҷи технологияҳои иттилоотӣ, Коллеҷи алоқаи Тошканд, якчанд мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва Литсейи махсуси ҷумҳуриявии мусиқиву академии ба номи Владимир Успенский шинос шуд», - гуфт манбаъ.