Дар ноҳияи Ваҳдат ба 19 масҷиди намози панҷгона гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

Қаблан пас аз интишори изҳороти Шӯрои уламо дар бораи гузаронидани  маросими мазҳаби шиаи «Ошӯро» дар масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо дар Ваҳдат, гузаронидани намози ҷумъа дар ин масҷид манъ шуда буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Солеҳҷон Завқиев хабар дод, ахири соли гузашта ба 10 масҷид ва аввали сол боз ба 9 масҷид гузаронидани намози ҷумъа иҷозат дода шуд.

«Бо назардошти пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои кафолати таъмини амнияти ибодаткунандагон дар мавсими зимистон ва кам шудани сафи намозгузорон дар намози ҷумъа, мо ба 19 масҷиди намозҳои панҷгона иҷозати гузаронидани намози ҷумъаро додем», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, зимни додани иҷозатнома як қатор талабот, аз қабили шароити мусоид барои ибодат, ҷавобгӯ будани масҷид ба талаботи санитариву гигиенӣ, экологӣ ва меъмориву бехатарии сӯхтор ба инобат гирифта шуданд. «Ҳамчунин дар назди масҷидҳо бояд истгоҳ барои автомашинаҳо мавҷуд бошад, то ки автомашинаи зиёд дар як ҷо ҷамъ нашуда, ба ҳаракати нақлиёт халал нарасонад», - таъкид кард Завқиев.

Номбурда афзуд, айни замон пешниҳоди ҳукумати ноҳияи Ҳисор дар бораи ба ҳашт масҷиди намози панҷгонаи ин ноҳия додани иҷозати гузаронидани намози ҷумъа мавриди баррасӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон 3 ҳазору 882 масҷид амал мекунад, ки ба як масҷид 1,9 ҳазор нафар аҳолӣ рост меояд.