Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати аёдат ва дастрас намудани тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба бошандагони деҳаи Сарваки болои ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, мулоқотро Содиқ Бобоҷонов мудири шӯъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят оғоз намуда, аъзоёни гурӯҳи кориро шинос намуд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба аҳолии деҳа маводи озуқаворию маишӣ ба монанди орд - 1500 кг, шакар - 550 кг, биринҷ - 400 кг, хӯрокворҳои ҳархела - 200 кг, равған - 250 кг, макарон - 100 кг, намак - 1200 кг, принтер - 1 маҷмӯъ, ДВП - 15 адад, шифер - 50 дона, тахта - 1 куб ва доруворӣ ба маблағи - 1083 сомонӣ, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода тӯҳфа шудааст, супориданд.

Сипас муовини якуми Раиси вилоят Ҷ.Р.Сангинов сухани крда, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлол, натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2011 ва ба баҳои баланди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор гардидани вилоят, омодагӣ барои сазовор таҷлил намудани Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳое, ки дар вохӯрии санаи 16 сентябри соли 2011 гузошта шуда буданд маърӯза намуд.

Ҳамчунин барои беҳтар намудани шароити буду боши аҳолии деҳаи Сарваки боло дар назди масъулин якчанд вазифаҳо аз қабили ҷудо намудани замин барои сохтмони бунгоҳи тиббии нав, таъмир намудани таҷхизоти мавҷпахшкунанда, то охир ҳал намудани масъалаи алоқаи мобилӣ, дастрас намудани ваксина, интихоб ва таъин намудани ёрдамчии нозири минтақавӣ, ташкил намудани вохӯриҳои Раёсати ҷавонон, шӯъбаи кор бо занон ва оила, ташкил ва гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳамчунин оид ба ҷалб намудани намояндагони деҳа ба чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили 20 солагии Иҷлосияи таърихии XVI, гузошта шуданд.

Баъдан бо шаҳрвандони деҳа саволу ҷавоби озод доир гардид. Аз ҷумла, сокинони деҳа оиди муаммои асосии бошандагони деҳа ин муайян нагаштани хати сарҳад, кушодан ва таъмири роҳи деҳа, ҷиҳати ҷудо гардидани замин ба оилаҳои ҷавон аз минтақаи Сарваки поён, дохил шудани ҷавонони деҳа ба Донишгоҳҳои олӣ аз ҳисоби квота муроҷиат намуданд.

Инчунин қайд намуданд, ки дар кӯҳ барфи бисёр ҷамъ гашта, хавфи обхезӣ ҷой дорад ва барои пешгирӣ намудани ин ҳолат кӯмак пурсиданд.

Ба саволу дархостҳои шаҳрвандон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷавобҳои мушаххас дода, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулин вазифаҳои амиқ гузошта шуд.

Дар мулоқот 157 нафар аҳолии деҳа иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки деҳаи Сарваки боло 512 нафар аҳолӣ дошта, дар он 108 адад хоҷагӣ зиндагонӣ мекунанд. Деҳаи Сарваки боло аз маркази ноҳияи Ашт дар масофаи 90 км ҷойгир аст. Деҳа ҳамчун ҷазирақаламрав дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шуда, рафту омади аҳолӣ ба Тоҷикистон мушкилиро ба бор меорад.