Соли гузашта 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ маросими ҳаҷ ба Маккаи мукаррамаро адо намуданд.

Сардори шӯъбаи ҳаҷҷи Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдуғаффор Юсуфов дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хотирррасон намуд, ки шаҳрвандон тибқи квотае, ки Арабистони Саудӣ шурӯъ аз соли 2005 ба Тоҷикистон ҷудо мекунад, бояд маросими ҳаҷро анҷом диҳанд.

«То соли 2005 шаҳрвандон баҳри адои маросими ҳаҷ ба ташкилотҳои гуногун муроҷиат намуда, ҳамчунин тавассути автомашина ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд, - мегӯяд вай. – Ҳолатҳое буданд, ки онҳо дар роҳ ба садама дучор гардида, ҳалок мешуданд ва ҷасадашон ба ватан оварда намешуд».

Ба қавли Юсуфов, соли гузашта зоирини «ғайриқонунӣ»-и Тоҷикистон ба Ҷидда тавассути хатсайрҳои ҳавоии оддӣ аз шаҳрҳои гуногуни Русияву Қазоқистон сафар карда, барои адои мароисими ҳаҷ аз 5 то 7 ҳазор доллари ИМА масраф намудаанд.

«Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои зоирини ҳар як кишвар, ки тибқи квотаҳои ҷудошуда ва бо риояи қонун сафар карданд, шароитҳои мусоиди будубош фароҳам меорад, вале зоирини ғайриқонунии бидуни квотаро лозим меомад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятиву масҷидҳо зиндагӣ кунанд. Онҳо ба адои расму оини маросими ҳаҷ ба дигарон низ халал мерасониданд, зеро барои онҳо ҷойҳои мушаххас муқаррар нашуда буданд», - афзуд номбурда.

Соли гузашта Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ ба Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 5,5 ҳазор квота ҷудо кард. Маблағи адои маросими ҳаҷҷи соли гузашта 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дод. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.