Зимни ифтоҳи конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Рушди ислом дар Осиёи Марказӣ: тамоилҳои нав, мушкилот ва роҳу воситаҳои ҳалли он» дар шаҳри Душанбе сафири Олмон дар Тоҷикистон Дорис Хертрампф иҳор кард, ки «мо дар хусуси тундгароии ҷавонон бисёр мешунавем, вале дар асл намедонем, ки воқеият куҷост ва дар хусуси таҳдидҳо зиёд ҳарф зада, лекин имконоти муколама дар ин самтро аз даст додаем».

Ба андешаи дипломат, дар муколама бо исломи сиёсӣ шарикон зиёд нестанд ва имрӯз дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки ислом дар низоми сиёсии он амал мекунад.

«Ба ҷавонон мебояд ҳарчи бештар маълумот пешниҳод намуд, то ки онҳо дар бораи тундгароӣ мавқеъ ва ақидаи мустақилонаи худро ҳосил намоянд. Албатта, мо бояд аз хатари тундгароӣ ба таври ҷиддӣ изҳори нигаронӣ намоем, мо бояд баҳри пешгирии он бикӯшем, вале ин набояд ба он оварда расонад, ки ҳуқуқи инсон ба озодии мазҳаб поймол гардад», - афзуд Хертрампф.

Ҳамоҳангсози минтақавии Фонди ба номи Эберт дар минтақаи Осиёи Марказӣ Вулф Лапинс дар навбати худ роҷеъ ба зарурати роҳандозии муколама миёни исломи сиёсӣ ва элитаи сиёсӣ сухан гуфта, изҳор кард, ки бидуни ҳалли масъалаи омили исломӣ мо ба пешравӣ ноил шуда наметавонем. «Албатта, феълан мо дар муддати як рӯз аз ӯҳдаи ҳалли он баромада наметавонем, вале мо дар бораи тамоилҳое, ки кишварҳои минтақаи Осиёи минбаъд аз он интизорӣ доранд, ҳарф мезанем», - иброз дошт Лапинс.

Исломшиноси маъруфи тоҷик, номзади улуми сиёсӣ Абдулло Раҳнамо дар робита ба ин масъала гуфт, дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ истифодаи мафҳуми «омили исломӣ» нодуруст аст, зеро он моҳияти худро гум мекунад. «Дар масъалаи эҳёи арзишҳои исломӣ ва тундгароӣ гуфтаниам, ки бисёре дар ин маврид ба иштибоҳ роҳ медиҳанд, зеро эҳё раванди мусбат буда, дар асл яке аз омилҳои суботу амни мост», - гуфт ӯ.

Вакили палатаи поёнии парлумон Сӯҳроб Шарифов зимни ибрози андеша оид ба ин масъала изҳор дошт, ки айни замон дар Тоҷикистон ба сиёсат гаравидани омили исломӣ дар сатҳи баланд қарор дорад. «Ба ҳама гуна баҳс, ба монанди баҳси миёни оилаи Тӯраҷонзодаҳои ва раиси Шӯрои уламо ангезаи сиёсӣ дода мешавад», - гуфт вай.

Шарифов бар ин назар аст, ки «омили бозгашт ба арзишҳои исломӣ амри табиӣ аст ва ин ҷо ҳеҷ гуна фоҷеаву ифрот ва тундгароӣ мавҷуд нест, вале ба тарзи оммавӣ бозгаштан ба ислом муҳтавои аслии онро гум мекунад».

Номбурда афзуд, ҳукумати Тоҷикистон ба қабул ва мусоидати ин раванд омода буда, кӯшиш мекунад шароите фароҳам оварад, ки омили исломӣ ба дигар омилҳо дар сиёсату иқтисод монеа эҷод насозад.