Суди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ду нафар сокинони маҳаллиро дар барангехтани низои маҳалгароӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ айбдор дониста, ҳар кадомеро ба миқдори 200 нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳандаи ҳисоб – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори ноҳияи Бохтар Иброҳим Атовуллоев хабар дод, сокинони ҷамоати Навбаҳор Ҳомуддин Абдуллоев ва Насим Қурбонов муддати як сол дар масҷиди маҳаллӣ бо вайрон кардани қоидаҳои мазҳаби суннӣ намоз мегузоштаанд.

Дар натиҷа, мегӯяд прокурор, ҳарду миёни ибодаткунандагон нофаҳмӣ ба вуҷуд оварда, тухми нифоқ мекоштаанд.

Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нисбат ба онҳо мутобиқи моддаи 189, қ. 1-и КҶ ҶТ (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Чанде қабл гуноҳи судшавандаҳо пурра исбот гардида, ҳар кадоме аз онҳо ба миқдори 200 нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шуд.