Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Россия дар Тоҷикистон омӯзиши 100 нафар ҷавонони муҳоҷири меҳнатӣ бо касбу ихтисосҳои зарурии бозори меҳнат ва забони русӣ ба анҷом расонида шуд.

Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, маросими супурдани шаҳодатномаҳо оид ба омӯзишӣ забони русӣ ва тайёрии касбӣ ба хатмкунандагони курсҳои кӯтоҳмуддат дар китобхонаи Фонди марказии «Русский-мир»-и назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор хоҳад гашт.