Ба ОИ «Азия-Плюс» нусхаи мактуби Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон дастрас шуд, ки дар он аз интернет-провайдерон дархост карда мешавад, бинобар баргузор намудани корҳои профилактикиву техникӣ дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org ва cenrtrasia.ru қатъ карда шавад.

Мактуб аз 2-юми март, ки нусхааш дар поин оварда мешавад, на шахсан аз ҷониби роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, балки аз ҷониби яке аз муовинонаш ба имзо расидааст.

Чанде аз провайдерон мегӯянд, мактуби расмӣ танҳо субҳи имрӯз ба онҳо фиристода шуда, аммо супориши шифоҳӣ дар ин хусус рӯзи шанбе ироа гардида буд.

Яке аз ширкатҳое, ки бо супориши шифоҳӣ қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро рад кард, имрӯз ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ гардид: пайвастҳои байнишабакавии он, ки тавассути оператори давлатии «Тоҷиктелеком» амалӣ мешаванд, қатъ гардиданд. Дар ширкати мазкур аз ОИ «Азия-Плюс» дархост намуданд, ки номашонро ифшо насозем, зеро айни замон ҳама мушкилот ҳал шуда, дастрасӣ ба сомонаҳои дар боло зикршуда аз ҷониби онҳо қатъ карда шудааст.

Қаблан роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров дастрас набудани баъзе сомонаҳоро ба сабабҳои техникӣ маънидод карда, маълумот дар бораи бо огоҳи хаттӣ ё шифоҳии идораи ӯ баста шудани баъзе сомонаҳоро қотеъона рад кард.

Айни замон Иттиҳодияи Интернет провайдерон дар робита ба ин масъала изҳорот омода месозанд.

Феълан дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии «Facebook» танҳо барои муштариёни як қатор операторони мобилӣ тавассути интернети мобилӣ қатъ нашудааст.    

То имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои «Фергана.ру» ва «Сентразия.ру» низ қатъ шуда буд.

Айни замон беш аз 130 провайдерон иҷозатномаҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар бораи пешниҳоди хизматгузории Интернетро соҳиб шудаанд, вале каме бештар аз даҳтои онҳо дар бозор фаъоланд.