Дар ҷараёни чорабинии идона бахшида ба ҷашни Рӯзи модар, ки дар маркази равобити «Пойтахт»-и шаҳри Душанбе доир гардид, раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бонувони пойтахтро бо ин ҷашн табрику таҳният гуфта, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар кори таълиму тарбияи насли наврас пурмаҳсул бошанд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҳамчунин раиси пойтахт аз бонувон даъват ба амал овардааст, ки баҳри ободонии шаҳри Душанбе кӯшиш ба харҷ дода, барои рушди пойтахт ташаббус нишон диҳанд.

Ба чорабинии мазкур фаъолзанони мақомоти гуногуни пойтахт, кормандони хадамоти коммуналӣ, оилаҳои бевамондаи кормандони мақомоти қудратӣ, ки зимни иҷрои вазифаи хидматӣ ба ҳалокат расиданд, даъват карда шуданд.

М.Убайдуллоев дар назди ҳозирин ҳамчунин оид ба нақшаҳои мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати таъмиру азнавсозии роҳҳо, ташкили истироҳату фароғати сокинони пойтахт ибрози андеша намуда, пас аз шунидани аз дархости чанде аз занон оид ба масоили гуногун ба хадамоти дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ супоришҳои мушаххас дод.