Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа Алянси Тоҷикистон (МАТ), Шўрои ВАО Тоҷикистон ва Бунёди гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқҳои журналистони Тоҷикистон иқдоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳдуд кардани дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва иддае аз манбаъҳои Интернетиеро, ки масоили ҳаёти ҷамъиятию сиёсиро инъикос менамоянд, шадидан маҳкум мекунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, аллакай як ҳафта инҷониб шаҳрвандони Тоҷикистон ба шабакаи иҷтимоии Facebook ва иддае аз манбаъҳои Интернетӣ дастрасӣ надоранд, ки ин ҳолат нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо ба дастрас кардани иттилоот мебошад. Тибқи иттилои Интернет-провайдерони Тоҷикистон, рўзи 2 март онҳо аз Хадамоти алоқа дар бораи қатъ кардани дастрасӣ ба Facebook ва чор сомонаи дигар: www.tjknews.com, www.maxala.org, www.centrasia.ru и www.zvezda.ru (Интернет портали «Полярная звезда») супориш гирифтаанд. Сабаби қатъ намуданро танзимкунанда ба «корҳои техникию-профилактикӣ» марбут медонад, ки ондар назари ҷомеа баҳонаи беэътимоб дониста мешавад.

Ба андешаи коршиносони соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, қатъ намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои Интернетӣ иқдоми бесамар ва беандеша мебошад. Дар фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ пештар ҳам чунин норасоиҳо мушоҳида мешуданд. Чунин иқдоми бо санадҳои ҳуқуқӣ асоснокнашуда ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита таҳдид мекунад. Тавре Консептсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, кўшишҳои рақибони имконпазир барои поймол кардани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳити иттилоотии ҷаҳон, танг карда баровардани он аз бозори берунӣ ва дохилӣ, пуршиддат шудани рақобати байналмилалӣ барои соҳибӣ кардан ба манбаъҳои иттилоотию техникӣ сарчашмаҳои асосии таҳдид ба амнияти иттилоотӣ мебошанд.

«Мо бо эътимоди қавӣ гуфта метавонем, ки нафаре Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои вайрон кардани ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба иттилоот ваколатдор накардааст, аз ин рў талаб дорем, ки дастрасӣ ба Facebook ва дигар сомонаҳои интернетӣ ҳарчӣ зудтар барқарор карда шавад», - омадааст дар изҳорот.