Дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз яке аз ширкатҳои интернетрасон (провайдер) хабар доданд, ширкатҳои интернетрасон аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати боз кардани шабакаи Facebook иҷозати шифоҳӣ гирифтаанд.

«Ирсоли мактуби расмӣ дар ин хусусро ба рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ваъда карданд. Ин ҷо дар бораи иҷозати дастрасӣ танҳо ба шабакаи Facebook сухан меравад, ҳарчанд аввали ҳафта дастрасӣ боз ба якчанд торнамоҳо низ манъ гардида буд», - гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд.

Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров мавҷуд будани чуни мактубро инкор намуда, ғайриимкон будани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро бо сабабҳои техникӣ маънидод кард.