Тайи 10 рӯзи ахир шумори истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии Facebook аз Тоҷикистон 5 ҳазор нафар зиёд шуд. Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза ба ин шабака то 500 нафар тоҷикистониён номнавис мешаванд.

Бино ба маълумоти портали Socialbakers.com, айни замон дар Тоҷикистон шумори истифодабарандагони шабакаи Facebook 34 ҳазору 640 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда ба 0,46%-и шумори умумии аҳолӣ ё худ 4,95%-и шумори умумии истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон баробар аст. Тибқи маълумот, ба санаи 3-юми март дар Facebook 29 ҳазору 80 нафар тоҷикистониён ба қайд гирифта шуда буданд.

Тавре дар сомонаи Socialbakers.com зикр мегардад, тайи ним соли ахир шумори фейсбукчиён аз Тоҷикистон ба миқдори 1 ҳазору 580 нафар афзудааст. Тоҷикистон феълан аз рӯйи шумори истифодабарандагони Facebook дар ҷаҳон зинаи 170-умро ишғол менамояд.

Мардон 69%-и миқдори истифодабарандагони Facebook дар Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ғайр аз ин, 37%-и истифодабарандагони шабакаи Facebook аз Тоҷикистонро ҷавонони синнусоли аз 18 то 24-сола, 32%-ро афроди синусоли аз 25 то 34-сола, 6%-ро шахсони аз 45 то 54-сола ва ҳамагӣ 2%-ро истифодабарандагони синнусоли аз 55 то 64-сола ташкил медиҳанд.

Ёдрас мекунем, ки  рӯзи 3-юми март дар Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои facebook.com, zvezda.ru, tjknews.com, maxala.org и cenrtrasia.ru. баста шуд. Бино ба маълумоти як қатор дастраскунандагони интернет, ба онҳо мактуби расмии Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дар ин хусус рӯзи 5-уми март расидааст, вале рӯзи 3-юми март дар ин бора супориши шифоҳӣ дода шуда буд.

Баъди як ҳафта, рӯзи 9-уми март бо иҷозати Хадамоти алоқа дастрасӣ ба шабакаи маъруфи иҷтимоии интернетии Facebook дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Дар супориш дастрасӣ танҳо ба шабакаи Facebook иҷозат дода шуд, интернет-порталҳои боқимондаи зикршуда баста боқӣ монданд.